15 Июн 2026 - 11:55
Source: ABNA
Хитой: Умедворем, ки ҳамаи тарафҳо ба гзинаи сулҳ содиқ бошанд

Вазорати корҳои хориҷии Хитой низ мисли бисёре аз кишварҳои дигари ҷаҳон аз эълони созишномаи байни Амрико ва Эрон истиқбол кард.

Ба гузориши мухбири «Абна» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Вазорати корҳои хориҷии Хитой эълом кард: «Мо аз ба даст овардани ёддошти тафоҳум байни Эрон ва Амрико бо ҳадафи хотима додан ба ҷанг истиқбол мекунем».

Ин вазорат таъкид кард: «Умедворем, ки ҳамаи тарафҳо ба гзинаи сулҳ тавассути гуфтугӯ ва музокирот содиқ бошанд».

Вазорати корҳои хориҷии Хитой илова кард: «Умедворем, ки ёддошти тафоҳум байни Вашингтон ва Теҳрон ҳамон гуна, ки ба нақша гирифта шудааст, имзо шавад. Бозкушавии гулӯгоҳи Ҳурмуз ба нафъи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ аст».

Your Comment

You are replying to: .
captcha